ИСТИФОДАИ АСИМПТОТАҲО БАРОИ ТАДҚИҚИ ПУРРАИ ФУНКСИЯ
Дар ин кор масъалаи истифодаи асимптотаҳо барои тадқиқи пурраи функсия мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Асимптотаҳо - хатҳое мебошанд, ки графики функсия ҳангоми беохир калон ё хурд шудани аргумент ба онҳо наздик мешавад. Дар таҳлили функсияҳо, муайян кардани асимптотаҳои амудӣ, уфуқӣ ва қиёсӣ имконият медиҳад, ки рафтори функсия дар минтақаҳои дур ва наздик ба нуқтаҳои муайянношаванда хуб омӯхта шавад. Кор на танҳо мафҳум ва намудҳои асосии асимптотаҳоро фаро мегирад, балки равандҳои амалии ёфтани онҳо ва истифода бурданашон барои сохтани графики функсия ва муайян кардани хосиятҳои он, аз қабили маҳдудиятҳо, нуқтаҳои танаффус ва афзоишу коҳиш низ таҳлил мегардад. Ин мавод метавонад барои донишҷӯёни фанни таҳлили математикӣ, омодагӣ ба имтиҳонҳо ва иҷрои корҳои курсиву дипломӣ муфид бошад
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан