ИСТИФОДАБАРИИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА РАҚАМӢ ДАР ИДОРАКУНИИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА
Айни замон, дар шароити рушди устувор ва гузариш ба тавлиди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, масъалаҳои рақамикунонӣ дар идоракунии соҳаи энергетика аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Яке аз омилҳои асосии рушди устувори кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар иқтисодиёти кишвар алоқаманд аст. Дар мақолаи мазкур истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар соҳаи энергетика мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Маълумоти оморӣ оид ба истифодабарии технологияи муосир дар ҷаҳон ва Тоҷикистон оварда шуда, намудҳои гуногуни технологияҳои 121 муосир дар соҳаи энергетика дида баромада шудааст. Мақсади тадқиқот аз он иборат аст, ки тадбиқи технологияҳои иттилотӣ ва рақамӣ дар идоракунии соҳаи энергетика чӣ нақшро иҷро мекунад.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 2.1 (31)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет