ИСТИФОДАБАРИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Дар мақола масъалаи истифода бурдани технологияҳои информатсионӣ дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва равияи иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Истифодабарии технологияҳои информатсионӣ дар таълими ин фанҳо, усули ҷадиди ташкили фаъолияти мустақилона, фаъолона ва мулоҳизакоронаи донишҷӯён мебошад, ки торафт бештар аёнӣ, ҷолиб ва самарабахш мегардад. Ҳаёти инсони муосир бо такмил ва паҳн кардани технологияҳои информатсионии оммавӣ, ки бисёр соҳаҳои фаъолияти ӯро фаро гирифтааст ва ба соҳаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ торафт бештар ворид мешаванд, зич алоқаманд мебошад. Технологияҳои информатсионӣ ҷузъи ҷудонашавандаи таҳсилоти муосир мегарданд ва ин ба суръати баланди рушди навовариҳои технологӣ вобаста аст. Компютерҳои муосир , захираҳои электронӣ , воситаҳои интерактивӣ имконият фароҳам менамоянд, ки дарсро тарҳрезӣ намуда, раванди таълимро ғайристандартӣ, равшан ва самаранок гардонанд. Аммо, дар баробари ин иштирокчиёни асосии дарс омӯзгор ва донишҷӯ мебошанд. Воситаҳои техникии муосир имконият медиҳанд, ки кори муштараки онҳо ба таври нав ташкил гашта, мазмуннок бошанд, инчунин имконияти дар шаклҳои гуногун дастрас намудани маълумоти таълимӣ фароҳам оварда мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет