ИСТИҚБОЛ АЗ ШЕЪРИ ФАРРУХӢ ВА МУХТАССОТИ ҲУНАРИИ ОН
Фаррухии Систонӣ аз ба нудрат шоироне будааст, ки шеъраш дар замонҳои гуногун мавриди пайравии салафҳои ҳамзамон ва баъдаш қарор гирифтааст. Ҳатто аввалин қасидаи ӯ дар тавсифи абрро шоирони зиёде пайравӣ карда, ба он татаббуъ навиштаанд. Ба ин далел, суоли аввал ин аст, ки авомили таваҷҷуҳ ва пайравӣ ба тариқати шоирии Фаррухӣ чӣ будааст, ки салафҳои ӯ аз шеър ва тарзи нигоришаш дар тӯли замонҳо истиқбол намудаанд?! Дар ин пажӯҳиш талоши муаллиф бар ин будааст то бо бакоргирии бахше аз омӯзаҳои равиши илмии тавсифӣ-таҳлилӣ, аввалан моҳияти ҳунарии қасидаҳои Фаррухиро дар заминаи таҷрибаи шеърӣ ва тозакориҳои ӯ таҳқиқ ва арзёбӣ карда, сипас татаббуъоти шоироне мисли Муъиззӣ, Азрақӣ ва Масъуди Саъди Салмонро бар қасидаҳои Фаррухӣ ба таври мушаххасс таҳқиқ, таҳлил ва баррасӣ намояд. Дар заминаи таҳлилҳои қиёсӣ муайян карда шуд, ки ҷавоб ё худ татаббуъи муваффақ, пеш аз ҳама, намудори маҳорат ва устодии бештари ҳам соҳиби шеъри сармашқ ва ҳам ҷустуҷӯҳо ва тозакориҳои шоири пайрав мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (114)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни