ҲИСОБКУНӢ ВА АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ НИЗОМИ НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР КОРХОНАҲОИ КИШОВАРЗӢ
Дар мақолаи мазкур шароит ва хусусиятҳои фаъолияти корхонаҳои таҳқиқшавандаро ба назар гирифта, пешниҳод карда шудааст, ки арзёбии низоми назорат дар корхонаҳои кишоварзӣ тавассути санҷиши тестӣ (азтестгузаронӣ) ба ҷо оварда шавад ва дар ин маврид раванди санҷиш аз марҳилаҳои пай дар пай иҷрошаванда иборат аст, ки бо мисолҳои мушаххас арзёбӣ намудани самаранокии низоми назорати дохилии яке аз корхонаҳои кишоварзии таҳқиқшаванда ҶДММ «50солагии Октябр» (шаҳри Ҳисор) тавассути азтестгузаронӣ, ҳисобкунии дараҷаи аҳамиятнокӣ дар асоси нишондиҳандаҳои ҳисоботи молиявӣ, инчунин эътимоднокии низоми назорати дохилӣ дар корхона муайян карда шудааст. Аз натиҷаҳои таҳқиқот хулоса бароварда мешавад, ки низоми назорати дохилӣ унсури ҷудонопазири идоракунии корхонаҳои кишоварзии муосир ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, арзёбии самаранокии он муҳим аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (44)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет