ИСМШАВИИ СИФАТҲОИ МУРАККАБ ДАР НАЗМИ ҲОФИЗ (дар мисоли сифатҳои мураккаби қолаби исм + исм)
Ашъори Ҳофиз аз рӯйи вожасозии морфологию синтаксисӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Бинобар зиёд будани маводди фактологӣ дар мақола сифатҳои мураккаби қолаби исм + исм ба риштаи таҳлил омадааст. Муайян гардид, ки сифатҳои мураккаби субстантиватсияшуда дар назми Ҳофиз дорои чанд хусуситанд, мисли 1) сифатҳои мураккаби исмшуда дар қолаби вожгуни сохторӣ низ дучор омаданд; 2) дар шакли пурра ва мухаффаф истифода шудаанд; 3) дар муносибати ҳаммаъноӣ қарор доранд; 4) бархе аз онҳо дар ду вазифаи грамматикӣ: исм ва сифат ба кор рафтаанд; 5) баъзе танҳо дар вазфиаи исм дучор омаданд; 6) аломатҳои грамматикии исмро соҳиб шудаанд. Ин ва дигар вижагиҳои сифатҳои мураккаби дар қолаби исм + исм ташаккулёфта муфассал баррасӣ шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 108, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП