ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ КӮЛОБ ДАР ОХИРИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ
Дар мақола раванди ислоҳоти низоми маорифи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар интиҳои замони Шӯравӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллифон дар заминаи маводи бойгонии ҷорӣ ва ҳисоботи шуъбаҳои маорифи минтақа, вилоят ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин адабиёти илмӣ ва оморӣ ислоҳоти низоми маорифи минтақаи Кӯлоб дар охири замони Шӯравӣ таҳқиқ ёфтааст. Таъкид мешавад, ки дар баробари такомули ташкили раванди таълиму тарбия бештар ба мазмуну муҳтавои он низ диққати ҷиддӣ дода мешуд ва баҳри хубтару муассиртар кардани методҳои таълим дар мактабҳо тадбирҳои муфид андешида мешуданд. Дар охири мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ сатҳи таъминоти мактабҳо бо воситаҳои техникӣ ва аёнӣ дар минтақаи мазкур хеле беҳтар гардида ҳамзамон истифодаи васоити ёрирасони таълимӣ, аз он ҷумла, воситаҳои техникӣ ва методҳои нави таълимӣ ба маротиб афзуда буд. Рушди ислоҳоти низоми мактабу маориф замони Шӯравӣ дар минтақаи Кӯлоб, новобаста аз тағйирёбии ҳудуди мақоми маъмурии он, фазои ягонаи иқтисодию ҷуғрофии навоҳии Кӯлоб, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Темурмалик, Фархор, Восеъ, Балҷувонро ташкил мекард.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (31)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА