Central AsianResearch Index

ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН: МУАММОҲО ВА ДУРНАМО

Мақола ба масъалаҳои раванди ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибӣ дар асоси дастовардҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) бахшида шудааст. Зарурат ва самтҳои асосии ислоҳоти низоми баҳисобгирии муҳосибӣ нишон дода шудаанд. Дар натиҷаи омӯзиши муқоисавии принсипҳои асосии баҳисобгирии ватанӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ номувофиқатҳои асосӣ муайян карда шуданд. Муваффақиятҳои асосии интегратсияи низоми миллии ҳисобдорӣ ба равандҳои ҷаҳонишавӣ тавсиф карда шудаанд. Дар ҷамъбаст оид ба самтҳои афзалиятноки ислоҳоти минбаъдаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар асоси СБҲМ тавсияҳо дода шуданд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.2 (39)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет