ИСЛОҲОТИ АГРАРӢ ДАР СОЛҲОИ 60-УМИ АСРИ ХХ ДАР ТОҶИКИСТОН
Хусусиятҳо ва тамоюлҳои ислоҳоти аграрӣ дар Тоҷикистон дар давраи баъд аз барқарорсозии баъдиҷангии кишоварзии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд. Шарҳи мухтасари заминаҳои таърихии татбиқи сиёсати аграрии ИҶШС дар солҳои 60-уми асри ХХ дар Тоҷикистон, дар ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ ислоҳоти калон оғоз ёфтааст, дар асоси маводи боварибахш оварда шудааст. Зикр шудааст, ки ислоҳоти соли 1965 бояд ба иқтисодиёти директивӣ дахолат накарда, мустақилияти корхонаҳоро вусъат медод, ба онҳо имконият медод, ки фоидаро идора кунанд, омилҳои ҳавасмандгардонии моддии истеҳсолкунандагонро аз натиҷа ва сифати кор таъмин кунанд. Дар хусуси чӣ тавр амалӣ шудани ислоҳот ва таъсири азнавсозиҳои аграрӣ дар ҳаёти меҳнаткашони кишоварзииТоҷикистон хулосаҳои илмӣ назариявӣ пешниҳод шудааст. Аз ҷумла зикр гардидааст, ки солҳои 1960 1970 дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба шарофати ислоҳоти сохторӣ дар асоси ҷорӣ намудани механизмҳои нави идоракунӣ ва ислоҳоти сохторӣ дараҷаи моддии зиндагонии колхозчиён хеле баланд шуд. Яке аз омилҳои рушди иқтисодиёти колхозу совхозҳои Тоҷикистон дар солҳои I964 1966 вусъати мусобиқаи сотсиалистӣ буд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ якчанд баробар афзудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 104, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП