Central AsianResearch Index

ИСЛОҲОТ ДАР ҲАЁТИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ “БОЗСОЗӢ” (1985-1991)

Дар мақола хусусиятҳо ва тамоюлҳои ислоҳоти аграрӣ дар Тоҷикистон дар давраи бозсозӣ , ки аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ оғоз ёфта буд, баррасӣ шудааст. Дар он таҳлили мухтасар дар бораи оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ислоҳотҳо, ки аз ҷониби Котиби Генералии КМ ҲКИШ ба роҳ монда шуда, мазмуни онро бозсозиҳо ташкил мекард, дар асоси маводҳои боварибахш оварда шудааст. Масъалаи асосӣ дар мақола оид ба ислоҳоти солҳои 1985-1990, ки мувофиқи он аз иқтисодиёти нақшавӣ қисман даст кашида, бояд мустақилияти корхонаҳоро вусъат медод, ба онхо имконият медод, ки истеҳсолотро мустақил идора кунанд, омилҳои ҳавасмандгардонии моддии истеҳсолкунандагонро аз натича ва сифати кор таъмин кунанд. Мазмуни асосии мақоларо хулосаҳои илмӣ-назариявӣ дар хусуси он ки, чӣ тавр ислоҳот амалӣ шуд ва азнавсозиҳои аграрӣ дар ҳаёти меҳнаткашони хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд, ташкил менамояд. Дар солҳои 1985-1990 дар як муддати кутохи таърихӣ дар натиҷаи сиёсати “бозсозӣ ” дар асоси ҷори намудани механизмҳои нави идоракунӣ ва ислоҳоти сохторӣ дараҷаи моддии зиндагонии аҳолӣ хеле паст гардид. Дар мақола сабабҳо ва омилҳои асосии коҳиш ёфтани иқтисодиёти колхозу совхозҳои Тоҷикистон дар солҳои 1985-1990, мушкилоти бекорӣ ва демографӣ махсусан дар ноҳияҳои аграрии ҷумҳурӣ, “самараи сиёсати бозсозӣ ” ва натиҷаи ислоҳоти аграрӣ дар охири мавҷудияти ИҶШС таҳлил шудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни