Central AsianResearch Index

ИНСОНИ КОМИЛ ДАР АШЪОРИ КАМОЛИ ХУҶАНДЙ

Масъалаи Инсони комил дар тасаввуф ва ашъори Шайх Камоли Хуцандӣ баррасӣ шудааст. Шарҳи истилоҳи Инсони комил дар осори ирфонии Изуиддини Насафӣ, Ибни Арабӣ баррасӣ гардида, сипас ифодаи он дар ашъори Шайх Камоли Хуцандӣ ба силки таҳқиқ кашида шудааст. Таъкид гардидааст, ки Шайх Камоли Хуцандӣ Паямбари ислом Муҳаммадро (с) чун комилтарин инсон, яъне Инсони комил бо ибораҳои расулул-амин, расул, Башир, Мустафо, Аҳмад, гузини ҳама олам, хоцаи ҳар ду саро, пешвои анбиё, сазовори дуруд ва г. , хусусиятҳои Инсони комилро моҳирона тавсиф намуда, муҳаббат ва эҳтироми бузурги худро нисбати ӯ нишон додааст. Шоир камолоти маънавӣ ва фазилатҳои ахлоқии Муҳаммадро (с) бо маҳорати хоса таъкид намуда, ӯро намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ меҳисобад.

Сведения

Опубликовано
2020 · № 4 (85)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП