Central AsianResearch Index

ИНЪИКОСИ ЁРИИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАБҲА ДАР МАТБУОТИ ДАВРИИ СОЛҲОИ 1941-1945

Дар мақола масъалаи кӯмаки аҳолии Тоҷикистон ба аҳолии аз минтақаи ҷангии Иттиҳоди Шуравӣ ба ҷумҳурӣ кучонидашуда ва фарзандони онҳо, ба оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги ватанӣ , ки дар ҷабҳа меҷангиданд ва дигар табақаҳое, ки ба кумак ниёз доштанд, баррасӣ мешаванд. Муаллифон дар асоси маводи матбуоти даврии солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ кӯмаки мардуми кишварро ба ин қишрҳои ҷамеаи шуравӣ ба қалам додаанд. Ёрии аҳолии кишвар дар шаклҳои гуногун, ба мисли ҷамъоварии маблағ , либосвориву пойафзол, меваву сабзавот ва ғайра расонида мешуд. Дар давоми ҷанг дар ҷумҳурӣ ҳафтаҳо, даҳаҳо ва моҳҳои ёрӣ эълон мешуданд, ки дар доираи онҳо ба ниёзмандони замони ҷанг, ба занону фарзандони ҷанговарон ёрии амалӣ расонида мешуд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни