Central AsianResearch Index

ИНЪИКОСИ ВОҚЕАҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР ОСОРИ АБДУҚОДИР МУҲИДДИНОВ

Дар мақола сухан перомуни рисола, мақолаҳо, корҳо ва инчунин маълумоте, ки дар матбуоти даврӣ дар солҳои 1910-1933 вобаста ба шароит, зиндагӣ, давлатдорӣ ва сиёсати дохилу хориҷ дар осори Абдуқодир Муҳиддинов инъикос ёфтаанд, меравад. Дар радифи бисёр шахсиятҳои таърихии аввали асри ХХ шахсе, ки барои пешрафти фарҳанг, сиёсат ва забони миллати тоҷик саҳми беандоза ва назаррас гузоштааст, Абдуқодир Муҳиддинов ба ҳисоб меравад. Гуфтан ба маврид аст, ки таърих ва инъикоси воқеаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии асри XX, бахусус дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, як ҷанбаи муҳими таҳқиқоти илмии муосир ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, саҳми шахсиятҳое чун Абдуқодир Муҳиддинов қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш аст. Ӯ на танҳо ҳамчун ходими давлатӣ ва сиёсӣ, балки ҳамчун муҳаққиқ ва фаъоли иҷтимоӣ дар ташаккули фикри миллӣ ва рушди худогоҳии таърихии мардуми тоҷик нақши муассир бозидааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни