ИНЪИКОСИ ҲУНАРИ ЧИТГАРӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Мақола ба таърихи пайдош ва ташаккулёбии яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик – ҳунари читгарӣ ва инъикоси он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст. Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар самти омӯзиш, ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, махсусан ҳунарҳои қадимаи миллии ниёгон хеле муҳим ва бориз мебошад. Муаллифон зикр менамоянд, ки читгарӣ яке аз қадимтарин ҳунарҳои мардуми Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин навъи ҳунар дар гузашта хеле маъмулу машҳур буда, то ба имрӯз ривоҷу равнақ ёфта, аз байн нарафтааст. Ҳамзамон, дар мақола роҷеъ ба ҳифзу омӯзиш ва муаррифии шоистаи ин навъи ҳунари нодир дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маълумоти муфассали илмӣ оварда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни