Central AsianResearch Index

ИНЪИКОСИ ШЎРИШИ СПИТАМЕН ДАР МАНБАЪҲОИ ТАЪРИХӢ

Мақола ба баррасии масъалаи муборизаи озодихоҳонаи суғдиён ва халқҳои дигари Осиёи Миёна бо роҳбарии Спитамен ба муқобили Искандари Мақдунӣ бахшида шудааст. Хотирнишон шудааст, ки дар манбаъҳои хаттии аҳди қадими юнонӣ доир ба ин масъала маълумот гирд омадааст. Тазаккур меравад, ки дар баҳори соли 329 пеш аз милод Искандар ба забт кардани Суғд шурӯъ кард. Барои забт кардани Осиёи Миёна нуқтаҳои мустаҳкамро гирифтан ва муқовимати якравонаи аҳолии маҳаллиро пахш кардан лозим буд. Аҳолии маҳаллӣ ба пайрави пешвои серғайрат, монданашаванда ва қобилиятнок ҳокими суғдӣ Спитамен табдил ёфтанд. Спитамен бидуни иштирок дар набард бо нерӯҳои асосии Искандар ба баъзе отрядҳои хурд ҳамла карда, онҳоро несту нобуд сохт ва маҳалҳои аҳолинишинро, ки аллакай аз ҷониби Мақдуния забт карда шуда буданд, ишғол кард. Мубориза бо душмани дастгирнашаванда вақт ва саъйи зиёдро талаб мекард. Бо вуҷуди шикасти халқҳои Осиёи Миёна дар мубориза бо истилогарон, бояд қайд кард, ки онҳо бо муқовимати қаҳрамононаи худ ба Искандар чунон зарбаи сахт заданд, ки қудрати ҳарбии лашкари ӯ хеле заиф шуд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (75)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова