ИНЪИКОСИ РУБОИЁТИ УМАРИ ХАЙЁМ ДАР ОИНАИ АДАБИЁТИ ШАРҚИ НАЗДИК
Дар ин мақола масъалаи таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти Умари Хайём , шумораи рубоиёти ӯ ба забони арабӣ ва мазмуни онҳо, шинохти Хайём дар олами забон ва адабиёти араб ва тарҷумаҳои рубоиёти ӯ ба забони арабӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода шудааст. Бо тақозои замон Ҳаким Умари Хайём яке аз мутафаккир ва шоири тавонони тоҷику форс ба мисли дигар бузургони илму адаб дар ин сарзамин ё дигар сарзаминҳои шарқӣ маҷбур шуд, ки забони арабиро омӯзад, то тавонист, ки бо навиштан ба ин забон мувофиқи расму русуми он замон бозёфтҳои худро дар ҳама ҷо пазируфта намояд. Ин аст он чизе, ки дар бахши қобили таваҷҷуҳи осори ӯ мушоҳида мешавад, ӯ 25 рӯбоӣ ба забони арабӣ навиштааст ва дар олами араб яке аз шоирони маъруф пазируфта шудааст ва аксари муҳаққиқон ва шоирони муосири араб аз рубоиёти ӯ бо хабар ҳастанд ва даҳҳо маротиба аз ҷониби мутарҷимони араб рубоиёти ӯ ба забони арабӣ тарҷума шудааст. Умари Хайём ба далели заковати бузургаш дар омӯзиши забони арабӣ ва аз худ кардани қоидаҳои он ба ягон мушкилӣ дучор намешуд. Ҳарчанд ҳадафи ӯ аз омӯзиши забони арабӣ адиб, шоир, нависанда ва муаррих шудан набуд, вай мувофиқи одати замон забон ва адабиёти арабиро ба дараҷаи баланд омӯхт. Ривоёти сершумор, аз ҷумла ривоятҳои Байҳақӣ, Низомии Арӯзӣ ва Замахшарӣ ин масъаларо таъйид мекунанд. Пас, шаке нест, ки Хайём дар донистани забон ва адаби комили арабӣ истеъдоди бемисл дошт.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 5 (118)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Казахский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни