ИНЪИКОСИ ҲОКИМИЯТИ ШУРАВӢ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МУОСИРИ ТОҶИК
Дар мақолаи мазкур муаллиф кӯшидааст, ки таҷдиди назари як қатор муаррихонро дар илми таърихнигории муосири тоҷик доир ба истиқрори ҳокимияти шуравӣ дар Тоҷикистон ба риштаи пажуҳиш кашад. Собит гардидааст, ки дар илми муосири таърихнигории тоҷик масъалаи истиқрори ҳокимияти шуравӣ дар Тоҷикистон бо усулҳои муосири илмии таҳқиқотӣ, ба мисли равишҳои таҳлили муқоисавӣ , манбаъшиносӣ ва миёнравишӣ (интердистиплинарӣ) таҳқиқ шуда, идеологияи шуравӣ ҳамчун падидаи мураккаби таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муайян карда шудааст, ки парадигмаи илмӣ на танҳо маҷмуи ақидаҳои назариявӣ, балки низоми фарогири қонуниятбахшии ҳокимият, идоракунии ҷомеа ва шаклдиҳии тафаккури ҷамъиятӣ дар давлати Иттиҳоди Шуравӣ ба шумор мерафт. Ошкор гардидааст, ки илми таърихнигории муосири тоҷик аз арзёбиҳои пурраи идеологишудаи давраи шуравӣ (парадигмаи илмии шуравӣ дар таърихнигорӣ ) ва радкунии комилани вазъи воқеии солҳои аввали пасошуравӣ тадриҷан дур шуда, ба таҳлили мувозинатнок, миёнравишӣ (интердистиплинарӣ) ва манбаъшиносона рӯ овардааст. Муайян карда шудааст, ки аз нигоҳи илми таърихнигории муосир идеологияи шуравӣ асоси давлати якҳизбӣ ва марказгароии сиёсӣ гардида, он дар самти маҳдуд сохтани гуногунандешӣ, фаъолияти озоди сиёсӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши ҳалкунанда бозид. Ба субут расидааст, ки дар таърихнигории шуравӣ тафаккури илмӣ ва таърихӣ, аксаран, ба догмаҳои идеологӣ тобеъ буд. Дар давраи бозсозӣ, баъди аз сари қудрат рафтани ҳизби ҳукмрони коммунист дар фазои фарҳангии ин ҷомеаи иҷборан ташкилёфта, аз нав ғояҳои диниву миллӣ ба миён омаданд. Дар натиҷа шаклу мазмуни фарҳангҳои миллӣ бо ҳам мутаносиб гашта, симо ва ҳувияти фитриву бунёдии ҳар як миллати собиқ шуравӣ ба ин восита барои ҷаҳониён ошкору ҳувайдо гардид.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан