Central AsianResearch Index

ИНЪИКОСИ ОБРАЗИ АРДАШЕРИ БОБАКОН ДАР CАРЧАШМАҲОИ АСРИ III ЮНОНӢ

Маълум аст, ки дар минтақаи шарқи баҳри Миёназамин ва Ховари Миёна дар оғозҳои ҳазораи якуми мелодӣ ду давлат империяи Рим ва шоҳаншоҳии Сосонӣ ҳукмфармоӣ мекарданд. То қиёми Ардашери Бобакон Империяи Рим дар ин минтақа нуфузи бештар дошт. Бо қиёми Ардашери Бобакон дар ибтидои асри III ва расман ба подшоҳӣ расидани ӯ ба соли 224 мизони қувваҳо то ҷое дигар мешаванд. Талошҳои низомие, ки байни Рум ва Эрон буданд, хомӯш намешаванд, балки авҷ мегиранд. Таърихнигорони юнонии асри III Кассий Дион ва Геродиан дар бораи ин талошҳо маълумоти фишурда, вале сарае додаанд, ки дар сарчашмаҳои деринатари юнонию сириёнӣю арманӣ ва пасон сарчашмаҳои арабию мусулмонӣ ва “Шоҳнома” таъкид ва ё бозтоби худро ёфтаанд. Дар ҳама сарчашмаҳои мавриди назар образи Ардашеи Бобакон чун марди ҷасур, сарлашкари тавоно ва подшоҳе, ки мехоҳад шоҳаншоҳии қудратманде бисозад, тасвир ёфтааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 92, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП