ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ФАРҲАНГИИ ҶШС ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ВАТАНЇ (с.1929-1941)
Муаллиф дар мақола мубрамияти тадқиқи таърихи масъалаҳои фарҳангии пешазҷангии ҶШС Тоҷикистонро бо истифодаи осори муҳаққиқони ватаниву хориҷї дар таърихнигории муосир таҳлил намудааст. Дар масоили мазкур як қатор таҳқиқоти илмї дар замони шўравї ва соҳибистиқлолї ба анҷом расонида шудаанд, ки ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги Тоҷикистони шўравиро дар бар мегиранд. Аз мазмуни осори таҳқиқгардида маълум мегардад, ки дар панҷсолаҳои пешазҷангї фаъолияти муассисаҳои маданию равшаннамої , санъат , илм , матбуот , адабиёт ва маориф рў ба тараққї меорад. Хусусияти хоси таҳқиқоти анҷомёфта дар он ифода меёбад, ки масъалагузории муҳаққиқон паҳлуҳои гуногуни фарҳанги ҷумҳуриро мувофиқи доираҳои хронологии муайян фаро гирифта, то андозае натиҷа ва навгониҳои асоснок пайдо намудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (76)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова