ИНЪИКОСИ ЧЕҲРАИ ЗАН ДАР ЁДГОРИҲОИ МД “ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ”
Муаллиф дар мақола вобаста ба рисолати МД “Осорхонаи миллӣ” дар самти ҷамъоварии ёдгориҳои таърихӣ ва пажуҳиши илмии онҳо ибрози андеша намуда, миёни осори гирдоваришуда хусусан ёдгориҳоеро ки дар онҳо чеҳраи зан тасвир шудааст мавриди таҳлил қарор додааст. Дар мақола таъкид мегардад, ки ҳарчанд ин осори таърихӣ дар замонҳои гуногун офарида шуда, аз ёдгориҳои Ғелот, Кангурттут , Душанбе , Панҷакенти қадим , Бунҷикат бозёфт гардидаанд, аммо инъикоси симои зан дар онҳо, аз мақому манзалати ин қишри ҷомеъа дар тули таърих гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон муаллиф роҷеъ ба « Санги Сулҳи Ҳирошима» , ки дар он чеҳраи фариштаи шафқат Канон инъикос гашта ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар поянда нигоҳ доштани сулҳ ва оромиву суббот аз кишвари Ҷопон туҳфа гаштааст ибрози андеша менамояд. Дар мақола аз ҷониби муаллиф оид ба аксу мусаввараҳои занону бонувони диловари ҷумҳурӣСофия Ниёзова, Назира Умарова, Инъомҷон Қурбоноваширкаткунандагони набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар ҳиссагузорӣ намудаанд андешаронӣ гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни