Central AsianResearch Index

ИНЪИКОСИ ҲАРАКАТИ БОСМАЧИГАРӢ ДАР ТАҲҚИҚОТИ АКАДЕМИК МУЛЛО ЭРКАЕВ

Мақола ба таҳлилу баррасии нақши академик Мулло Эркаев дар таҳқиқи ҳаракати босмачигарӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Академик Мулло Эркаев яке аз муаррихони давраи шуравии Тоҷикистон мебошад, ки бо таҳқиқотҳои мухталифи хеш дар таърихнигорӣ – давраи шуравии халқи тоҷик нақши бориз гузоштааст. Бузургтарин таҳқиқоти академик М. Эркаев, ки бавосита инъикоскунандаи раванди ҷанги шаҳрвандии солҳои 20-уми асри ХХ-и Тоҷикистон мебошад, дар асоси сарчашмаҳо ва дигар манбаъҳои зарурӣ нигошта шудааст. Муаррих дар асари худ амалҳои зишти босмачиён – турк ва амаликунандагони ҳадафҳои пуркпарасонро ошкор сохтааст. Гарчанде имрӯз баъзе шахсон дар зери тафаккури шахсӣ босмачиёнро муборизи рози озодӣ, қаҳрамон, ватандȳст ва ғайра шуморида, ҷонибдорӣ созанд ҳам, таҳқиқотҳои олимони ҷумҳурӣ андешаҳои беасоси онҳоро рад ва асари арзишманди академик М. Эркаев “Таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”-ро асари бунёдӣ дар таҳқиқи таърихи ҷанги шаҳрвандии солҳои 20-уми асри ХХ-и Тоҷикистон мешуморанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни