ИНЪИКОСИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР КОЛЛЕКСИЯ ВА ЭКСПОЗИТСИЯИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Муаллифон дар такя ба экспонатҳои экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба яке аз саҳифаҳои пурфоҷеа ва ҳамзамон пур аз корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатии Тоҷикистониён дар солҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ (1941 –1945) маълумоти муҳими таърихӣ, осорхонавӣ ва тарбиявиро пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди маълумот доир ба чанде аз экспонатҳои Осорхонаи миллӣ хеле дуруст қайд менамояд, ки қаҳрамонӣ ва матонати беназири муҳофизони Ватан, заҳмату азобҳои ҷонфидоёнаи мардуми ақибгоҳ мактаби бузурги одамият буда, барои ҳамагон намунаи ибрат мебошад. Муаллифон хусусан, инъикоси солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро дар Осорхона бо мақсади таҷассумнамоии ватандӯстиву озодихоҳӣ , ҷасорату фидокорӣ, поси хотири ҳамешагии гузаштагон муҳим арзёбӣ мекунанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни