ҲИМОЯТГАРИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ НИЁГОН
Мақолаи мазкур ба таҳлили нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз, эҳё ва рушди арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф бо такя ба далелҳои таърихӣ ва сиёсати фарҳангии даврони истиқлол нишон медиҳад, ки худшиносии миллӣ , эҳтиром ба мероси ниёгон ва эҳёи суннатҳои фарҳангӣ ҳамчун заминаи муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи муосир хизмат мекунанд. Дар мақола аҳамияти ташаббусҳои давлатӣ дар самти таҷлили ҷашнҳои таърихӣ, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ, рушди санъат ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин такмили заминаи ҳуқуқии соҳаи фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Хулоса карда мешавад, ки сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат на танҳо ба эҳёи арзишҳои миллӣ мусоидат намудааст, балки мақоми байналмилалии фарҳанги тоҷиконро низ таҳким бахшидааст ва барои ташаккули ҳувияти миллӣ ва худогоҳии ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан