Central AsianResearch Index

ИМКОНИЯТҲОИ ТАТБИҚИ ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ ПЕШНИҲОДИ ҚАРЗИ МАНЗИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Мақола ба таҳлили муҳтавои таҷрибаи пешқадами бонкдории хориҷӣ ва амалияи судманди он ба хотири дарёфти имкониятҳои дар амал татбиқ намудани ҷанбаҳои самараноки он дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ бахшида шудааст. Муаллиф ба хулосае омадааст, ки айни замон дар кишварҳои хориҷии дорои таҷрибаи ғании бонкдорӣ аз амсилаҳои ба шартномаю пасандоз асосёфта, ё амсилаҳои як ва дусатҳаи пешниҳоди қарзи манзил истифода мебаранд. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман истифода бурдани таҷрибаи хориҷии қарзи манзил ба далели набудани сарчашмаҳои дарозмуддати молиявӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва нисбатан камзарфтар будани бозори манзил, баланд будани фоизи қарзи манзил ва нисбатан кӯтоҳтар будани муҳлатҳои пешниҳоди қарз ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, муаллиф пешниҳод намудааст, ки як қатор тадбирҳои муҳим дар ин самт андешида шаванд, то ки ташкилотҳои қарзӣ тавонанд захираҳои иловагиро дар бозори дохилӣ ҷалб намоянд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 3 (42)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет