Имкониятҳои потенсиалии таълим дар ташаккули эҷодкории донишҷӯён
Мақола ба баррасии дигаргунии анҷомѐфтаи ҷомеаи муосир, ки ғолибан таъинкунандаи навъи иттилоотрасонии тамаддуни башарӣ буда, дар навбати худ ба як қатор ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла низоми маориф дигаргунӣ ворид сохта, масъалаи мутобиқати мафҳуми омӯзишро бо сатҳи тавсеаи дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардаанд, бахшида шудааст. Хотирнишон шудааст, ки нақши пешбарандаи омӯзиш дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиѐсиву фарҳангӣ ва илмиву техникии ҷомеа ғайриқобили инкор аст, аз ин рӯ маълумоти олӣ зинаи муҳимтарини ташаккули потенсиали эҷодии ҷавонон дар ҷаҳони муосир маҳсуб меѐбад, ки рисолати инкишофи қобилиятҳои эҷодӣ, маҳорати фикрронии навин, заковатмандии ҷавононро ба дӯш дорад, маҳз ҳамин эҷодкорӣ барои мутахассисони оянда заруранд.
Сведения
- Опубликовано
- 2019 · № 2 (59)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова