Central AsianResearch Index

Ҷилваҳои ҳунарии қофия ва радиф дар шеър

Дар ин мақола истифодаи ҳунарии қофия ва радиф дар шеъри баъзе шоирони асримиѐнагӣ дар асоси ашъори мундариҷ дар тазкираи “Риѐз-уш-шуаро” -и Волаи Доғистонӣ баррасӣ шудааст. Ҷилваҳои ҳунарии истифода аз унсурҳои мазкур дар чунин қолабҳо қобили мушоҳида аст: овардани ду қофия дар як шеър аст (“ зуқофиятайн ”), илова бар зуқофиятайн ва радиф риоят гардидани зубаҳрайн дар соҳати берунии шеър , танҳо аз қофия ва радиф ва ѐ аз се қофия ва як радиф иборат будани байт, риояти таҷнис дар қофия ва ҳузури қофияи ҳунарӣ дар шеър . Таносуби сараи қофия , радиф ва муҳтаво дар шеър илова бар таъмини ҷанбаи мусиқоии калом, ки дар саросари соҳати зоҳирии шеър намудор мегардад, як навъ таъкиди маъноии махсусеро ба намоиш мегузорад.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 1 (58)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова