ҲИФЗИ ВАТАН ВА ЭҲСОСИ ВАТАНДОРӢ ДАР НАЗМИ СОЛҲОИ ОХИРИ ТОҶИК
Ҳифзи Ватан ва эҳсоси ватандорӣ дар назми солҳои охири тоҷик аз падидаҳои муҳимми замони нав буда, омӯзиши он дар шароити Тоҷикистони имрӯза хело ҳам зарур аст. Бинобар ин муаллифон ба яке аз мавзуъҳои муҳимми замони муосир дахл намуда, ба воситаи осори шоирони давр, роҳҳо ва воситаҳои инкишофи ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро баррасӣ намудааст. Дар мақола муаллифон ватандӯстӣ ва ифтихори милливу худшиносии миллиро омили асосии инкишофи ҷомеа, бехатарии давлат, таъмини амнияти давлату шаҳрвандон дониста, таъкид менамоянд, ки яке аз роҳҳои асосии мустаҳкам намудани пояҳои давлат ин густариши ифтихори миллӣ , эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Аз осори шоирони маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Аюбӣ Сафармуҳаммад, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон мисолҳо оварда шуда, роҳҳо ва воситаҳои ташаккули ватандӯстиро муайян гардидааст. Муаллифон таъкид менамоянд, ки аҳли қалам бо осори назмии худ ҳисси ватанхоҳӣ ва ватандӯстии ҷавононро бедор мекунанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни