ИФОДАИ МУБТАДО ДАР ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ ВА МУҚОИСАИ ОН ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Дар мақолаи мазкур дар хусуси ифодаи мубтадо дар забони фаронсавӣ ва муқоисаи он дар забони тоҷикӣ мавриди таҳқиқ қарор дода мешавад. Мубтадо яке аз сараъзоҳои ҷумла буда, ба чунин мафҳумҳои шахс, ашё, ҳодиса ё воқеа далолат мекунад, ки амал, ҳолат ва аломати хабар дар замону шахсу шумораи муайян бо тобишҳои маънои модалии зарурат, эътимод, тахмин, хоҳиш, амр ба он нисбат дода мешавад. Мубтадо сараъзои мустақилмаънои ҷумла буда, гап дар бораи кӣ ё чӣ сухан меравад, мефаҳмонад ва ба саволҳои «кӣ?», «чӣ?» ҷавоб медиҳад ва бинобарин он метавонад бо исмҳои ҷондор ва беҷон ифода карда шавад. Аз ҷиҳати грамматикӣ ва маъноӣ мубтадо бо хабар алоқаманд буда, нишон медиҳад, ки ҷумла дар бораи кӣ ва чӣ аст. Тавре дар боло зикр кардем мубтадо сараъзои ҷумлаест, ки амал, ҳолат ва аломати дар ҷумла ифодаёфта ба он таалуқ дорад. Маънои луғавии мубтадо оғоз, ибтидо ва аввал аст. Агар калимаҳои мафҳуми шахсдошта ба вазифаи мубтадо омада бошанд, мубтадо ба саволҳои кӣ? (киҳо?), дар дигар ҳолатҳо ба саволҳои чӣ? (чӣҳо?) ҷавоб мешаванд. Мубтадо метавонад аз як ё якчанд калима иборат бошад, дар қисмҳои гуногуни нутқ ифода карда, маъноҳои гуногун дошта бошад. Мубтадо аз ҷиҳати грамматикӣ ва маъноӣ бо хабар алоқаманд аст. Мубтадо асосан шахс ё ашёро ифода карда, дар ҷумла бепешоянду бепасоянд меояд ва бо исм , ҷонишин , шумора ва шакли номуайянии феъл, яъне масдар ифода карда мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни