ИФОДАИ МАЪНОИ ИНКОР ДАР «ЧОР ДАРВЕШ»
Дар мақола сухан дар бораи муродифоти грамматикӣ, хусусан, ҷумлаҳои содаи инкорӣ дар яке аз шоҳасарҳои насрии адабиёти классикӣ «Чор дарвеш» меравад. Дар асар қолабҳои гуногуни ҷумлаҳои инкорие, ки тавассути пурсишҷонишинҳо ва ҳиссачаҳои инкорӣ ташаккул ёфтаанд, сухан меравад, ки ниҳоят дар асари зикршуда фаровон истифода шудаанд. Дар асари мавриди таҳқиқ ҷумлаҳои инкориро ба гурӯҳҳои хоссаю ғайрихосса , умумӣ ва ҷузъӣ , ки табиатан маънои инкор доранд, истифода шуда, мавриди таҳлил қарор гирифта шудааст. Аз нигоҳи ифодаи маъно онҳо муносибати инкори умумӣ , инкори ҷузъӣ , ҷумлаҳои инкории хосса ва ғайрихоссаро ифода меанамоянд. Умуман, дар асари таҳқиқшуда, имконоти наҳвӣ дар чаҳорчӯбаи меъёри забони адабӣ корбаст шудааст. Чи тавре, ки дар барномаҳои телевизиониву радио ва саҳифаҳои матбуот феъли “дидан карда” ва монанди инҳо чандин калимаҳои дигар фаровон истифода мешаванд. Дар асари таҳқиқшуда низ истифодаи калимаҳои меъёрӣ мушоҳида мешаванд
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 5 (118)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни