Central AsianResearch Index

ИДРИСХОҶАИ РОҶӢ ВА МАСНАВИИ «ТАЗКИРАТУЛ-ХАТТОТИН»-И Ӯ

Мақола ба мероси адабии яке аз шоирони номвари охири асри Х1Х-ибтидои асри ХХ Идрисхоҷаи Роҷї (1878-1918) ва яке аз асарҳои ҷолиби вай маснавии «Тазкират-ул-хаттотин» ихтисос ёфтааст. Гуфта мешавад, ки маснавии мазкур, ки дар шакли манзум ба қалам омадааст, аз сарчашмаҳои муҳими таърихиву адабии ибтидои асри бист буда, дар он дар бораи қариб 60 нафар хушнависони замон маълумот ҷой дода шудааст. Таъкид карда мешавад, ки дар ин тазкира фазои ҳунарии садаҳои ХVIII-XIX ва оѓози садаи XX-и Бухоро ва дар маҷмуъ Мовароуннаҳр ба қалам омадааст. Маълумоти он дар бораи хушнависон, ороишгарони китоб, шоирону суханварон, анвои хат ва хусусиятҳои он басо ҷолиб ва муҳим мебошад. Муаллиф ба хулосае меояд, ки маводи ин тазкира ҳам аз назари таърихї ва ҳам аз нигоҳи адабӣ арзиши баланд дорад, зеро он агар, аз як тараф, дар бораи аҳли ҳунар ва хоса, хушнависон маълумот диҳад, аз ҷониби дигар, хусусиятҳои адабӣ ва услубии як тазкираи манзуми ибтидои садаи XX ва сабки нигориши яке аз намояндагони номвари ин давра Идрисхоҷаи Роҷиро инъикос менамояд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 3 (76)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова