ИДОРАКУНИИ МАРКЕТИНГӢ РАВИШИ НАВИНИ РОҲБАРИИ МЕНЕҶМЕНТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОРИ ҶАҲОНӢ
Менеҷменти маркетингӣ ҳамчун ҷамъи фаъолиятҳои идоравӣ барои таъмини самараноки гардиш ва гирдгардиши молӣ, рақобатпазириву васеъшавии бозори корхона ва ё ширкат равона мегардад. Дар асоси чунин як талаботи навин мазмуну мундариҷаи илмиву назариявӣ ва тарзу усулҳои омўзишии идоракунии менеҷменти маркетингӣ тағйирёбанда гардида, пайваста консепсияи навини назариявию амалии рушдёбандагиву тағйирёбандагии ҷаҳониро пешниҳоди корхонаҳо мегардонад. Инчунин, дар натиҷаи чунин як ҷараёни тағйирёбандагӣ макотиби зиёди омўзиши менеҷменти маркетингӣ тазоҳур намуда истодаанд, ки бо роҳу равиш ва тарзу усули таълимиву омўзишии худ комилан фарқкунандаанд.Системаи идоракунии маркетингӣ дар шароити муосир аллакай ҳамчун системаи мустақилу консептуалии роҳбарӣ, унсурҳои гуногуни бозоршиносиро дар фаъолияти рақибон, молтаъминкунандагон, миёнаравҳо, истеъмолкунандагон, ҳамкорон ва равишҳои инноватсионии бозорӣ пайваста таҳлилу баррасӣ менамояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4.1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет