ИДОРАКУНИИ ИНТЕЛЛЕКТУАЛИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР
Дар мақолаи мазкур идоракунии интеллектуалии захираҳои обӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ (AI) мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Истифодаи захираҳои обӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ (AI) яке аз масъалаҳои асосӣ ва мубрами замони ҳозира буда, ҳамчун воситаи таъмини рушди устувор ба ҳисоб меравад. Захираҳои оби тоза манбаи ҳаётан муҳим барои инсонҳо ва экосистемаҳо дониста мешаванд. Дар шароити тағйирёбии иқлим зиёдшавии аҳолӣ, хушксолӣ ва норасоии об дар соҳаи кишоварзӣ мушкилоти ҷиддиро ба бор меорад. Инчунин, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои камоб барои идоракунии самараноки захираҳои обӣ муҳимтарин масъалаҳои экологӣ ва иқтисодиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасї менамоянд. Дар ин замина, истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) ба системаҳои идоракунии об дар ҳалли ин масъала кумак расонида, метавонанд ба таҳлили маълумот ва пешгӯии беҳтари манбаъҳои оби табиӣ оварда расонанд.
Сведения
- Журнал
- Economy of Tajikistan
- Опубликовано
- 2026 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2310-3957
- Издатель
- Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана