Central AsianResearch Index

ИДОРАКУНИИ ҚАРЗИ ХОРИҶӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНӢ

Дар шароити љањоншавии иќтисоди љањонї афзоиши њаљми ќарзи хориҷии давлатњои љањон ба омўзиши динамика ва омилњои таъсиргузор ба бузургии он таваљљуњи хоссаеро ба миён меорад. Дар мақола моҳият ва вазифаҳои идоракунии қарзи давлатӣ ошкор гардида, принсипҳо пешниҳод ва усулҳои идоракунии қарзи давлатӣ инъикос карда шудаанд. Дараљаи нишондињандањои зерин тањлил карда шудааст: њаљми умумии ќарзи хориҷӣ, таносуби ќарзи хориҷӣ нисбат ба ММД, њаљми ќарзи хориҷӣ ба њар сари ањолї. Муайян карда шудааст, ки давлатҳои дорои қарзи мутлақи хориҷии аз ҳама бештар ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва Ҷопон мебошанд. Ҳаҷми умумии 152 қарзи хориҷии даҳ кишвари бузургтарини қарздор $ 65975 млрд-ро ташкил медиҳад, ки аз нисфи маҷмӯи маҳсулоти умумии ҷаҳон дар соли 2022 (68% аз $97 трлн) зиёд аст. Муқаррар карда шудааст, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои нисбии қарзи хориҷӣ (нисбат ба ММД ва бар сари аҳолӣ) Люксембург, Маврикий ва Кипр пешсафанд. Як қатор кишварҳо сатҳи баланди ин нишондиҳандаҳоро доранд, ки метавонанд ба дефолти соҳибихтиёрӣ оварда расонад. Дар баробари тадбирҳои анъанавии идоракунии қарзи хориҷӣ , инчунин коҳиш додани вобастагӣ аз доллари ИМА, интиқоли захираҳои миллӣ аз асъори хориҷӣ ба тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо, инчунин ба асъори кишварҳои устувортарини иқтисоди ҷаҳон тавсия дода мешавад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (36)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет