Central AsianResearch Index

ИДОРАИ МАРКЕТИНГ ВА РОҲҲОИ ТАКМИЛИ КОНСЕПСИЯҲОИ ОН ДАР НИЗОМИ БОЗОРӢ

Маркетинг ва самтҳои идораи он, ҳамчун раванди идоракунии тақозои харидорон баррасӣ шудааст. Моҳияти консепсияҳои маркетингӣ ва истифодаи онҳо ҳангоми гузаронидани фаъолияти маркетингии ширкатҳо ва корхонаҳои соҳибкорӣ ошкор карда шудааст. Зикр шудааст, ки барои омӯзиши ҳолатҳои бозор дар ширкату корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии мамлакат сохторҳои маркетингӣ ташкил шудаанд. Консепсияи такмили истеҳсолот шудааст. Корхонаҳои ватанӣ карда ҳолатҳои бозории истифодаи он муайян гардидаанд. Корхонаҳои ватанӣ дар амалияи худ принсипҳои “фурӯши қатъӣ”-ро истифода мебаранд, ки моҳияти он бо ҳар роҳ фурухтани моли ширкат аст. Дар марҳилаи муосир маҷмуи маркетинг коркард шуда истодааст ва омилҳои таъсиррасон ба талаботи истеъмолгарон ва ба хароҷоти истеҳсоли мол , такмили он ва тағйир додани нарх муайян карда мешаванд. Тарзҳои ҳавасманд гардонидани харидорон ва гузаронидани тадбирҳои маркетингӣ, ҳамчунин таҳияи барномаҳои маркетингӣ, ки талаботи экологиро оид ба ҳифзи муҳити зист ба назар мегиранд, мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4 (93)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП