Central AsianResearch Index

ИДЕОГРАММАҲОИ ИФОДАКУНАНДАИ ҲАРАКАТУ ҲОЛАТ ДАР «БУРҲОНИ ҚОТЕЪ»-И МУҲАММАДҲУСЕЙНИ БУРҲОН

Дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ» як гурӯҳ вожаҳое, ки дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз забони оромӣ маҳфуз мондаанд, дохил шудаанд, ки дар маъхазҳои лексикографӣ ба сифати воҳиди марбут ба луғати «Занд»-у «Позанд» сабт шудаанд. Ин воҳидҳои луғавӣ дар шакли идеограмма нигоҳ дошта шудаанд. Гурӯҳи нисбатан назарраси идеограммаҳое, ки ҳаракату ҳолатро ифода мекунанд, ҳамчун ҷузъи ин воҳидҳои луғавӣ барои таҳлил ба панҷ гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) идеограммаҳои феълие , ки самтҳои ҳаракатро ифода мекунанд; б) идеограммаҳои феълие , ки ҳолати шахсро ифода мекунанд; в) идеограммаҳои синонимии феълӣ; г) идеограммаҳои феълии шакли тасрифӣ; д) идеограммаҳои феълии шакли ғайритасрифӣ. Хулоса мешавад, ки идеограммаҳои феълии фарҳанги мавриди назар аз қадимияту ғановати луғавии забони форсӣ-тоҷикӣ гувоҳӣ дода, дар муайян кардани унсурҳои грамматикӣ ва вазифаҳои морфологию синтаксисии онҳо дар як давраи муайяни таърихӣ саҳм гузоштаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 91, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП