«ИБРАТ-УЛ-ҒОФИЛИН»-И МИРЗО МУҲАММАД РАФЕЪИ САВДО ВА МАСЪАЛАҲОИ НАҚДУ СУХАНСАНҶӢ ДАР ШИБҲИ ҚОРАИ ҲИНД
Усулу шеваҳои нақду сухансанҷии Муҳаммад Рафеи Савдо дар рисолаи «Ибрат-ул-ғофилин» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки «Ибрат-ул-ғофилин» ба нақду таҳлили эродҳои Мирзо Фохири Макин бахшида шудааст. Мирзо Фохири Макин , ки яке аз ҳамасрони Муҳаммад Рафеъи Савдо мебошад, ҳамчун муҳаррири як тазкираи беноми Ашраф Алихон ашъори суханварону шоиронро дар тазкираи мазкур инкор карда, баъзеи онҳоро хат зада, қисми дигарашонро таҳрир сохтааст. Муаллиф бештар ба арзёбии афкори танқидии Муҳаммад Рафеъи Савдо таваҷҷўҳ зоҳир карда, онро аз чандин ҷиҳат, аз ҷумла муайян кадани дидгоҳҳои Савдо доир ба шеър, муносибати ў нисбат ба суханварони гузашта ва муосир, таҳлили афкори интиқодӣ, таҳрири ашъори Мирзо Фохири Макин ва ғ. бозгў сохтааст. Ҳамчунин баъзе чеҳраҳои нақди адабии Ҳиндустонро аз қалиби Ашраф Алихон , Сироҷиддин Алихон Орзу, Оятуллоҳи Саноро муаррифӣ кардааст. Таъкид гардидааст, ки коре, ки Мирзо Фохири Макин дар рад ва инкори ашъори шоироне чун Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ анҷом додааст, сабабҳои муҳкам надошта, таҳрироти вориднамудааш ба ашъори суханварони дигар на ин ки боиси афзоиши ҳусни суханварӣ гардидаанд, балки маънӣ ва мазмуни умумии шеъри гўяндаро хароб кардаанд. Хулоса мешавад, ки рисолаи «Ибрат-ул-ғофилин»-и Муҳаммад Рафеи Савдо дар фарогирии масъалаҳои нақду сухансанҷии шибҳи қораи Ҳинд ҷойгоҳи муҳим дошта, омўзиши он ҳамчун сарчашмаи муҳими адабӣ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 92, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП