Central AsianResearch Index

ИБНИ СИНО – БЕҲТАРИН МУТАФАККИР ВА НОБИҒАИ ТАЪРИХ

Ошноӣ бо фаъолияти мутафаккирони асримиёнагии Шарқ ва омӯзиши асарҳои энсиклопедиашон нишон медиҳад, ки воқеан онҳо дорои истеъдоду ҳуши фавқулода буда, тавассути меҳнати пурмаҳсули худ нобиға гаштаанд. Яке аз ин нобиғагон файласуфи барҷастаи асрҳои X-XI Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Мақолаи мазкур аҳамияти таърихию фалсафӣ дошта, дар он доир ба фаъолияти илмии Ибни Сино сухан меравад. Муаллифон бо истифода аз сарчашмаҳои соҳавӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, истеъдоди мутафаккир баҳои баланд додаанд. Бояд қайд намуд, ки Ибни Сино бисёре аз илмҳои замони худ, махсусан, илми тибро тариқи худомӯзӣ аз худ намудааст, ки муаллифони мақола инро баёнгари зиракӣ, ҳушёрӣ ва зеҳни буррои ӯ нишон додаанд. Гуфта мешавад, ки Ибни Сино аз устодони худ танҳо мафҳумҳои калидӣ ва мавзуъҳои феҳристии илмҳоро меомӯхт. Вале ба умқи улум мустақилона ворид шуда, мӯшикофӣ менамуд. Дар қисмати хулосавии мақола муаллифоншахсияти Ибни Синоро намунаи барҷастаи иродаи қавӣ, руҳи тавонову болида ва ҷасорати нодир дар муқобили ҳама гуна мушкилиҳои зиндагӣ шуморидаанд.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе