ИҚТИДОРИ КАЛИМАСОЗИИ ПЕШВАНДИ ҲАМДАР ТАРҶУМАИ «ТАФСИРИ ТАБАРӢ»
Нақши калимасозии пешванди ҳамдар яке аз осори арзишманди даврони Сомониѐн – “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” баррасӣ гардидааст. Дар заминаи маводи фаровони фактологӣ нишон дода шудааст, ки пешванди мазкур дар баробари имкони калимасозии вожаҳои сохтаи дар ҳар давру замон маъмул боз дар натиҷаи васл гардиданаш ба унсурҳои луғавӣ калимаҳое сохтааст, ки дар таърихи забони тоҷикӣ нодир буда, иддае аз онҳо хоси забони асари номбурда аст. Ҳадафи асосии мақола инъикос намудани ҳиссаи осори тарҷумавӣ дар ғаномандии таркиби луғавии забон дар мисоли калимасозии пешванди ҳамва роҳи мураккаби пурпечутобро тай намудани пешванди зикргардида аст. Пешванди мазкур дар тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” асосан бо вожаҳои мансуб ба исму феъл ҳамроҳ шуда, унсурҳои хушсохтеро ба вуҷуд овардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 91, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП