Central AsianResearch Index

ИҚТИДОРИ ҚАРЗИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ ВА ҚАРЗПАЗИРИИ СУБЪЕКТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар шароити муосир, ки иқтисодиёти моро як қатор хатарҳо таҳдид менамоянд, муайян кардани иқтидори қарзии ташкилотҳои қарзӣ ва қарзпазирии субъектҳои кишоварзӣ бо мақсади қонеъ гардонидани онҳо ба захираҳои моливӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва актуалӣ ба ҳисоб меравад. Муаллифон дар мақолаи мазкур ба масъалаи иқтидори қарзии бонкҳои тиҷоратӣ ва қарзпазирии субъектҳои кишоварзӣ аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Муаллифон ҳамчун иқтидори қарзии ташкилотҳои қарзӣ маҷмуи захираҳои пулии бонкҳоро ( сармояи оинномавӣ , захираҳои пулии хазина, фондҳои таъйиноташон махсус, захираҳои байналмилалӣ ва дигар дороиҳо) дар назар доранд, ки талаботи рӯзафзуни субъектҳои гуногуни кишоварзиро ба қарз дар ҳама ҳолат таъмин менамоянд. Ҳамчунин, як қатор таҳлилҳои мушаххасро дар масъалаи қобилияти қарзадокунии субъектҳои кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд, ки мушаххасоти мавзуъро пурра инъикос менамояд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет