ИҚТИДОРИ АНДОЗ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАШАККУЛ ДОДАНИ МАНФИАТҲОИ ИҚТИСОДИИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
Мақолаи мазкур омузиши ташаккулёбии манфиатҳои иқтисодии субъектҳои хоҷагидорро аз мавқеи иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар бар гирифта, тибқи низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ аз имкониятҳои танзими давлатӣ барои васеъ кардани иқтидори андоз равона карда шудааст. Дар натиҷаи таҳқиқ ва омузиши масъала, муаллиф роҳҳои коркарди механизми баэътибор гирифтани манфиатҳои иқтисодии муносибатҳои андозииро ҳамчун низоми чорабиниҳои мушаххас бо мақсади муфидгардонии манфиатҳои тарафҳои андозбанди пешниҳод намудаст. Инчунин, барои татбиқи ҳадафҳои ҷорӣ ва стратегӣ тавассути муайян кардани сохтори тақсимоти гаронии андоз бо мақсади васеъкунии иқтидори андоз мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет