Central AsianResearch Index

Хусусияти ташкили машғулиятҳо дар маҳфили кулолгарӣ

Дар мақола хуссиятҳои созмондиҳии маҳфилҳои кулолгарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки дар замони муосир дар Тоҷикистон исте»ҲС»оли ма»ҲС»улоти кулолгарӣ хело коста гашта, нисбат ба дигар намуди ҳунарҳои халқӣ хавфи аз байн рафтанро дорад. Зеро лой ҳамчун масолеҳи асосӣ барои кулолгарӣ зарурияташро гум кардааст ва ҷои онро дигар масолеҳҳои сабуку камхарҷи технологӣ иваз намудаанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳамчун санъати ороишии-амалӣ кулолгарии миллӣ нақш ва моҳияти худро гум карда бошад. Тазаккур меравад, ки кулолгарӣ дар навбати аввал яке аз намудҳои намоѐни фарҳанги анъанавии миллӣ мебошад ва ин ҳолат моро водор менамояд, ки мероси фарҳангии ниѐгонамонро на танҳо ҳифз намоем, балки насли наврасро чунон тарбия намоем, ки нисбат ба санъати ороиши-амалӣ меҳру муҳаббат ва эҳтиром дошта бошанд. Таъкид карда шудааст, ки дар ин ҷода маҳфилҳои тахассусии намудҳои гуногуни санъати ороишӣ-амалӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим мебозанд. Маҳфилҳое, ки мо дар назар Муаллифон бар он ақидаанд, ки дар назди мактабҳои та»ҲС»илоти умумӣ созмон додани маҳфилҳои кулолгарӣ барои ҳалли масъалаҳоро ба монанди дар руҳияи анъанаҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас ва ҳифз намудани мероси фарҳангии ниѐгон мусоидат мекунанд. Озмоишҳои гузаронидашуда дар маҳфилҳои кулолгарӣ дараҷаи баланди сифатнокии таълими хонандагонро дар маҳфил ифода намуд. Машғулиятҳо дар маҳфил фаъолнокии хонандагонро афзуда, имконияти эҷодии онҳоро муайян намуд ва барои ташаккули қобилиятнокӣ мусоидат намуд, ки дар натиҷа дар интиҳои мӯҳлати таълим сатҳи сифатнокӣ ва нишондодҳои шуморавӣ дар ҳамагуна меъѐрҳои арзѐбӣ назаррас афзудаанд.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 1 (58)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова