ХУСУСИЯТҲОИ ЖАНРИВУ МАВЗУИИ МАСНАВИИ "КОРНОМА"-И ИБНИ ЯМИН
Вижагиҳои сохториву мавзӯии маснавии “Корнома” -и Ибни Ямини Фарюмадӣ баррасӣ шудааст. Қайд мешавад, ки Ибни Ямин дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бештар ҳамчун устоди жанри қитъа шинохта мешавад, аммо омӯзиши осори ӯ нишон медиҳад, ки ин шоир дар маснавӣ низ дасти тавоно доштааст. Хотирнишон мешавад, ки Ибни Ямин дар эҷоди маснавӣ аз суннатҳои маъмули маснависароии форсу тоҷикро пайравӣ мекунад, аммо дар бархе аз маснавиҳои худ аз ин суннатҳо гурез ҷустааст. Ин суннатгурезӣ дар маснавии “Корнома” -и ӯ бештар дида мешавад. Таъкид мешавад, ки “Корнома” -и шоир ҳарчанд дар шеваи манзумаҳои корномаи адабиёти форсу тоҷик таълиф шудааст, аммо аз он бо вазн, муҳтаво ва тарзи баёни хеш фарқ менамояд. Дар “Корнома” бар хилофи расму қоидаи маснависароии форсу тоҷик бахши муқаддима вуҷуд надорад. Дигар аз навовариҳои шоир дар ин маснавӣ овардани ғазали таркибӣ аст . ”Корнома” аз нигоҳи сабк равон ва холӣ аз такаллуфу фазлфурӯшӣ буда, ба сабки хуросонӣ бисёр наздик аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 100, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП