ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ ИСТЕҲСОЛОТИ ГЕОЛОГӢ-ҶУСТУҶӮЇ ВА ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОН
Дар маќола масъалаҳои хусусиятҳои ташкили истеҳсолоти геологӣ-ҷустуҷӯї , ки асосан ба таҳқиқоти геологӣ ҷиҳати кашф кардани конҳои нави сарватҳои зеризаминӣ ва тайёр кардани захираҳои кашфшудаи канданиҳои фоиданок барои тараққиёти бомуваффаќияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи мустаҳкам ба вуҷуд меоварад ва ба тақсимоти оқилонаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ мусоидат намуда, рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоиро таъмин менамояд, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Муаллиф раванди ҷустуҷӯи геологиро ҳамчун маҷмуи корҳои ба ҳам алоқаманд, бо пайдарҳамии муайян ва маҷмуи корҳои асосӣ ва ёрирасони истеҳсолӣ амалӣ карда мешавад, ки ҳалли масъалаи ниҳоӣ кашф, омодасозии конҳои саноатӣ ва конҳои сарватҳои табииро таъмин менамояд, баррасӣ намудааст. Муаллиф ба масъалаи таҳқиқоти геологӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, ки марҳила ба марҳила ва зина ба зина дар асоси принсипи пай дар пайи наздикшавї ба таҳқиқи сарватҳои зеризаминӣ гузаронида мешавад, таваҷљуҳи ҷиддӣ додааст. Барои баланд бардоштани ҷолибияти маблағгузорӣ дар соҳаи ташкили истеҳсолоти геологӣ-ҷустуҷӯї дастгирии молиявӣ муҳим буда, танзими давлатии фаъолияти соҳаи мазкур на танҳо амалҳои ҳифзи табиат, масъалаҳои экологӣ, бардошти рентаи захираҳои таббиӣ, балки рушди саноати истихроҷ ва минбаъд саноати металҳои рангаву қиматбаҳо таъмин мегардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (37)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет