Central AsianResearch Index

ХУСУСИЯТҲОИ РУШДИ НИЗОМИ АНДОЗ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДАВРАҲОИ ГУНОГУН

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои андоз ва андозбандӣ, хусусияти рушди низоми андоз дар давраҳои гуногун бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии халқҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои Сосониён, Сомониён, инчунин даврони мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ ва Истиқлолият мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудаст. Масъалаҳои ба як низоми муайян дароварда нашудани навъи андозҳо дар асрҳои миёна, вазнинии бори андоз , ҷорӣ кардани пардохтҳои иловагӣ, рафтори худсаронаи ҷамъоварандагони андоз , ки боиси истисмори аҳолӣ мегардид, мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, зарурат, моҳият ва ҷорӣ намудани принсипҳои андоз баррасӣ гардидааст. Дар замони ҳозира ҳам ҷамъбасти маъхазҳои адабии дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда нишон медиҳад, ки олимони ватании мо то ҳол ба омӯзиши мушкилоти андозбандӣ аз нуқтаи назари иқтисоди давраи гузариш, хусусиятҳо ва шаклҳои он муносибат намекунанд. Ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон аз рӯйи рецепсияҳои монетористӣ ба амал бароварда шуда, қолабӣ мебошанд ва ба ислоҳоти самарабахш ниёз дорад. Инчунин бояд тазаккур дод, ки низоми амалкунандаи андоз ба тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои хурду бузург ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ба андозаи кофӣ мусоидат намекунад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2.1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет