Central AsianResearch Index

ХУСУСИЯТҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Масъалаи рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Нахуст муаммоҳои мавҷуда дар самти иқтисодиёт ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Самтҳои асосии рушди мамлакат пайваста ба ҳадафҳои стратегии он аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ , саноатикунонии босуръати кишвар баррасӣ гардидаанд. Коҳиш ёфтани нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ, сифатан беҳтар гардидани некӯаҳволии аҳолии кишвар бо далелҳои оморӣ нишон дода шудааст. Ба ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатӣ ва сиёсати дурусти пешгирифтаи роҳбари давлат, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намуданд, ишора шудааст. Нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он хулосаҳо бароварда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 97, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП