ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИИ РУШДИ ШАХСИЯТИ КӮДАКОН ДАР МУҲИТИ ОИЛА
Масъалаи нақши психологии оила дар рушди шахсияти кӯдакон бо дарназардошти пешрафти ҷамъият асрҳо боз мавриди таҳқиқи муҳаққиқону мутафаккирон қарор гирифта истодааст. Бо вуҷуди ин, мавзуи мазкур то ба ҳол мубрамияти худро гум накардааст, чунки оила рукни ибтидоии ҷамъият мебошад ва рушддиҳандаю ба камол расонандаи насли инсон буда, ба сифати дастгоҳи махсусе фаъолият мекунад, ки натиҷаи он пешрафти бомароми ҷомеаро таъмин менамояд. Ин нукта дар осори мутафаккирону муҳаққиқони классику муосири ватанию хориҷӣ ва пажуҳиши чандинсолаи мо далелан тасдиқи худро пайдо кардааст. Омӯзиш ва таҳлили нақши психологии оила дар рушди шахсияти кӯдакон дар доираи консепсия ва назарияҳои илмӣ нишон дод, ки таъсири муносибатҳои оилавӣ ҳамчун омили рушдиҳанда ё боздорандаи рушди равонии шахсият баромад мекунад. Чунки оила – ин ягона институти иҷтимоие мебошад, ки дар он кӯдак ҳамаҷониба ташаккул ёфта, эҳтиёҷоти аввалини худро дар рафти муносибату муошират қонеъ мегардонад, ки инро кӯдак ҳеҷ гоҳ худаш мустақилона бе таъсиррасонии оила ба роҳ монда наметавонад. Яъне, шаклгирии тамоми хусусиятҳои ахлоқию психологӣ, ки маҷмуан шахсиятро ташкил медиҳанд, дар муҳити оила сурат мегирад. Чунки оила як навъ гурӯҳи махсуси иҷтимоиест, ки дар рушди шахсияти инсон нақши асосӣ, дарозмуддат ва муҳимтаринро мебозад. Ҳамин тавр, омӯзиш ва таҳлили психологии мавзуи мазкур бори дигар нишон дод, ки муҳити оила ба сифати омили рушдиҳанда ва танзимкунандаи рушди шахсият ва арзишҳои инсонӣ баромад мекунад. Яъне, зоҳиршавии таъсири психологии муносибатҳои оилавӣ дар рушди шахсияти фарзандон ба ташаккули худбаҳодиҳӣ, дараҷаи иддао, ҳисси эмпатия, мавқеи иҷтимоӣ, таҷрибаи оиладорӣ, маҳорату малакаҳои муоширатнамоӣ ва дигар хусусиятҳои шахс ифода меёбад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан