Central AsianResearch Index

ХУСУСИЯТҲОИ ЛУҒАВИЮ СЕМАНТИКИИ ФЕЪЛҲОИ ТАФАҲҲУМ ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ

Мувофиқати байни феълҳои серистеъмоли “understand” дар забони англисӣ ва “фаҳмидан” дар забони тоҷикӣ баррасӣ шудааст, ки барои бештар дарк кардани корбурд ва ифодаи мафҳуми тафаҳҳум дар системаҳои мухталифи забонӣ имкон медиҳанд. Феълҳои тафаҳҳум бо маъноҳои дарк, тафсир ва қабул кардани иттилоот бо ҳамдигар алоқаманданд. Феълҳои тафаҳҳум метавонанд тобишҳои гуногуни маъноӣ дошта бошанд. Масалан, "understand – фаҳмидан" метавонад фаҳмиши умумиро дар назар дошта бошад, дар ҳоле ки "grasp – фаҳмидан" метавонад фаҳмиши амиқтарро нишон диҳад. Таҳлили феълҳои мазкурро ҳам аз нуқтаи назари сохтори мантиқӣ-семантикӣ ва ҳам аз нуқтаи назари сохтори ахборотӣ тасниф кардан мумкин аст. Аз нуқтаи назари мантиқӣ-семантикӣ гуфторҳо ва матнҳоро тавассути муносибатҳои импликативӣ алоқаманд кардан мумкин аст. Ин навъҳои тафаҳҳумро метавон ба ду гурӯҳ муттаҳид кард: тафаҳҳуми идентификативӣ (ҳаммонанд) ва тафаҳҳуми прагматикӣ .

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП