ХУСУСИЯТҲОИ КОРБУРДИ ВОМВОЖАҲОИ ТОҶИКӢ ДАР ЗАБОНИ ТУРКИИ ҚАДИМ
Иқтибос шудани вожаҳои тоҷикӣ ба забони туркии бостон баррасӣ шудааст. Дар заминаи маводи фактологии дар «Фарҳангномаи туркии бостон» дарҷёфта нишон дода шудааст, ки ба туркии бостон 239 калимаи аслии тоҷикӣ интиқол гардидааст. Чунин унсурҳои луғавӣ аз ҷиҳати хусусияти корбурдашон дар забони туркии бостон ба қонуниятҳои овоӣ, луғавӣ-маъноӣ, калимасозӣ ва морфологиву синтаксисии он мутобиқат пайдо кардаанд. Гурӯҳе аз чунин вожаҳо дар як шакли мушаххас, ҳиссае дар дар ду-се мувозӣ ба кор рафта, қисме аз онҳо бо муродифи туркии худ мустаъмаланд. Ба таркиби луғавии забони туркии бостон на танҳо вожаҳои мустақилмаъно, балки иддае аз калимаҳои ёвар низ роҳ ёфтаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 99, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП