ХУСУСИЯТҲОИ ИҚТИСОДИЁТИ КУШОД ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Хусусиятҳои иқтисодиёти кушод дар шароити густаришёбии раванди ҷаҳонишавӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Муқаррар карда шудааст, ки дар замони муосир таҳти истилоҳи иқтисодиёти кушод иқтисодеро мефаҳманд, ки дар доираи он тамоми субъектони хоҷагидорӣ бемаҳдуд дар бозори ҷаҳонии молу хизмат ва омилҳои истеҳсолот фаъолона иштирок менамоянд. Бо назардошти иштироки мамлакатҳо дар иқтисодиёти кушод он ба иқтисодиёти кушоди калон ва иқтисодиёти кушоди хурд тасниф мешавад. Мамлакатҳои дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ иштироккунанда тибқи намудҳои иқтисодиёти кушод тақсим карда мешаванд. Иқтисодиёти кушоди калон иқтисодиёте мебошад, ки тағйироти он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсир мерасонад. Иқтисодиёти кушоди хурд иқтисодиёте мебошад, ки он ҳамчун қабулкунандаи нархи бозори ҷаҳонӣ баромад карда, иқтисодиёти вобаста мебошад. Дар натиҷаи таҳлили нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории иқтисодиёти кушод бо дарназардошти хусусиятҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки иқтисодиёти Тоҷикистон иқтисодиёти кушоди хурд мебошад. Таҳқиқот собит намуд, ки иқтисодиёти кушоди хурди Тоҷикистон дорои хусусиятҳои объективӣ мебошад. Аз ҷумла мамлакат ҳамчун қабулкунандаи нархи ҷаҳонии мол ва хизмат баромад мекунад, рушди иқтисодии он аз содироти молҳои алоҳида вобастагӣ дорад, инчунин дараҷаи баланди вобастагӣ аз воридот барои ғанигардонии бозори дохилӣ ба назар мерасад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 103, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП