ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ ПРИНСИПИ МЕТОДОЛОГИИ ТАНЗИМИ АНДОЗИИ ИҚТИСОДИЁТ
Дар мақолаи мазкур муаллиф дар такя ба маводи ҷойдошта ва таҳлилу омўзиши он оид ба хусусиятҳои хоси принсипи методологии танзими андозии иқтисодиёт маълумоти мушаххас пешниҳод намудааст. Андозбандӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати иқтисодии давлат ба кам намудани ҳаҷми пул ва осон кардани маблағгузорӣ ба соҳибкорӣ равона карда шудааст. Низоми андоз ба сифати танзимгари иқтисодиёт истифода бурда мешавад. Вазни хоси андоз дар даромади миллии давлатҳои мансуби иҷтимоиёти иқтисоди бозорӣ, нишонаи сифатан тағйир ёфтани муносибатҳои азнавтақсимкуниро дорад. Андоз на танҳо дар тақсимоти даромади миллӣ, балки дар қисмати маҷмуи маҳсулоти миллӣ низ ширкат меварзад, яъне он ба бахши истеҳсолоти моддӣ, хизматрасонӣ ва дигар гурўҳҳои иҷтимоии ҷомеа дахл менамояд. Андоз имконият фароҳам меорад, ки як қисмати муҳимми даромади миллӣ давлатӣ кунонида шавад ва ин барои таъсири давлат ба иқтисодиёт имконият фароҳам меорад. Аз ин рў, модели низоми андоз вобаста ба сиёсати иқтисодии давлат дар давраҳои гуногуни тараққиёт тағйир меёбад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.1 (38)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет